|
Ҷилди III: БОЗ ОМАДАНИ ГАРСЕВАЗ БА НАЗДИ СИЁВУШ
Баророст Гарсевази домсоз,
Дили пур зи кина, сари пур зи роз.
Чу наздики шаҳри Сиёвуш расид,
Зи лашкар забоноваре баргузид.
Бад-ӯ гуфт: «Рав, бо Сиёвуш бигӯй,
Ки, эй номварзодаи номҷӯй,
Ба ҷону сари шоҳи туронсипоҳ,
Ба ҷону сару тоҷи Ковусшоҳ,
Ки аз баҳри ман барнахезӣзи гоҳ,
Ба пешам пазира наёӣба роҳ,
Ки ту з-он фузунӣба фарҳангу бахт,
Ба фарру нажоду ба тоҷу ба тахт,
Ки ҳар бодро баст бояд миён,
Тиҳӣкардан он ҷойгоҳи каён».
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 >>> |