|
Ҷилди III: КИШВАРЕ ДОДАНИ АФРОСИЁБ СИЁВУШРО
Ки эй меҳрбон шаҳрёри замин
Ҳамеша туро ҷовидон бод рӯз
Ба шодиву бадхоҳро пушт кӯз!
В-аз он ҷойгаҳ бозгаштанд шод,
Басе аз ҷаҳондор карданд ёд.
Чунин низ як сол бо доду меҳр
Ҳаме гашт беранҷ гардонсипеҳр.
Фиристода омад зи наздики шоҳ,
Ба назди Сиёвуш яке некхоҳ,
Ки пурсад туро номвар шаҳрёр,
Ҳаме гӯяд, эй меҳтари номдор,
Аз эдар туро додаам то ба Чин,
Яке гирд баргарду бингар замин.
Ба шаҳре, ки орому рой оядат, 1 2 3 4 5 6 7 >>> |