|
Ҷилди III: РАФТАНИ ГЕВ БА ТУРОН БА
?УСТАНИ КАЙХУСРАВ
Равонро зи дарди ман озод дор.
Надонам, ки дидор бошад ҷуз ин,
Ч? донем рози ҷаҳонофарин.
Чу шӯ? зи баҳри парастиш рухон,
Ба ман-бар ҷаҳонофаринро бихон.
Ки ӯяст бартар зи ҳар бартаре,
Ҳамон бандаи ӯст ҳар меҳтаре.
На бе рои ӯ гардад ин рӯзгард,
На бе амри ӯ бошад ин хобу х(в)ард.
Замину замону макон офарид,
Тавоноеву нотавон офарид.
Бад-ӯяст уммед, аз ӯяст бок,
Худованди об, оташу боду хок.
Магар бошадам ёвару раҳнамой, 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 >>> |