|
Ҷилди III: ЁФТАН КАЙХУСРАВРО
Чи гуна-ст Дастону он анҷуман?»
Чу бишнид Гев ин сухан, хира монд,
Забонро ба номи ҷаҳонбон биронд.
Бад-ӯ гуфт Гев «Эй сари сарфароз,
?аҳонро ба меҳри ту омад ниёз.
Бар онам, ки пури Сиёвуш ту?,
Зи тухми каёниву боҳуш ту?.
Маро ёд кун, эй сари ростон,
Зи Гударз бо ту к? зад достон?
Зи Кашводу Геват к? дод огаҳИ
Ки бо хуррам? бодиву фарраҳ?!»
Бад-ӯ гуфт Кайхусрав: «Эй шермард,
Маро модар ин аз падар ёд кард,
Ки аз фарри яздон кушод? сухун, 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 >>> |