|
Ҷилди III: РАҲО КАРДАНИ ФАРАНГИС
ПИРОНРО АЗ ГЕВ
Ба Кайхусрав он гаҳ нигаҳ кард Гев,
Бад-он, то ч? фармон диҳад шоҳи нев.
Фарангисро дид дида пуроб,
Забон пур зи нафрини Афросиёб.
Ба Гев он гаҳе гуфт, к-«Эй сарфароз,
Кашида чунин ранҷи роҳи дароз.
Чунон дон, ки ин пирсар паҳлавон
Хирадманду род асту равшанравон.
Пас аз додгар довари раҳнамун
Бидон, к-ӯ раҳонид моро зи хун.
Зи бад меҳри ӯ пардаи ҷони мост,
В-аз ин кардаи хеш зинҳор хост.
Ба мо бахшаш, эй номвар, ту кунун,
Ки ҳаргиз набуд бар бад? раҳнамун». 1 2 3 4 >>> |