|
Ҷилди III: ГУЗАШТАНИ КАЙХУСРАВ АЗ ?АЙҲУН
Чу аз рӯд карданд ҳар се гузар,
Нигаҳбони кишт? шуд осемасар.
Ба ёрон чунин гуфт, к-инат шигифт,
К-аз ин бадтар андоза натвон гирифт.
Баҳорону ?айҳуну оби равон,
Се аспу се ҷавшан, се баргустувон
Бар ин жарфдарё чунин бугзарад,
Хирадмандаш аз мардумон нашмарад.
Пушаймон шуд аз хом гуфтори хеш,
Табаҳ дид аз он кор бозори хеш.
Биёрост кишт? ба чизе, ки дошт,
Зи боду ҳаво бодбон барфарошт.
Ба пӯзиш биёмад бари шаҳрёр,
Чу омад ба наздикии рӯдбор,
1 2 3 4 5 6 7 >>> |