|
Ҷилди III: РАФТАНИ КАЙХУСРАВ БА ИСФАҲОН
Пиёда шуданд он саворони нев.
Чу чашми сипаҳбад баромад ба шоҳ,
Ҳамон Гевро дид бо ӯ ба роҳ.
Фурӯ рехт аз дидагон оби зард,
Зи дарди Сиёвуш басе ёд кард.
Фуруд омад аз бораг? паҳлавон,
Гирифташ ба бар шаҳрёри замон,
Ситудаш фаровону кард офарин,
Чунин гуфт, к- "Эй шаҳрёри ҷавон,
Ту бедордил бошу бедорбахт,
Ба ҷои ту кишвар нахоҳам, на тахт.
Зи ту чашми бадхоҳи ту дур бод,
Равони Сиёвуш пур аз нур бод!
1 2 3 4 5 6 7 >>> |