|
Ҷилди III: РАФТАНИ ГУДАРЗ ВА ТУС ПЕШИ КОВУС
АЗ БАҲРИ ПОДШОҲӣ
Шаҳаншоҳ донад, ки ӯ подшост,
Диҳад тахти шоҳ? бад-он, к-аш ҳавост».
Бад-ӯ гуфт Тус: «Эй сипаҳдори пир,
Ч? гӯ? суханҳои нодилпазир?
Агар ту зи Кашвод дор? нажод,
Манам Туси Нӯзар шаҳи шоҳзод.
В-агар теғи ту ҳаст сандонишикоф,
Синонам бидаррад дили кӯҳи ?оф.
Марову туро, -гуфт, -пайкор чист?
Шаҳаншоҳ донад, ки солор кист».
Бад-ӯ гуфт Гударз: «Чандин магӯ,
Ки чандин набинам туро обрӯ».
Ба Ковус гуфт: «Эй ҷаҳондида шоҳ,
Ту дилро магардон зи оину роҳ. 1 2 3 4 5 6 7 >>> |