|
Ҷилди III: ОФАРИН КАРДАНИ МЕҲТАРОН КАЙХУСРАВРО
Чу Кайхусрави шоҳ бар гоҳ шуд,
?аҳон яксар аз кораш огоҳ шуд.
Нишаст аз бари тахти шоҳаншаҳ?,
Ба сар барниҳод он кулоҳи меҳ?.
Бигустурд гирди ҷаҳон додро,
Биканд аз замин бехи бедодро.
Куҷо буд аз гет? озодае,
Худованди тоҷу каёнзодае,
Ҳам аз шоҳи гетиву комовар?,
Бад-ӯ омада, ҳар чи номовар?.
Набуд дар ҷаҳон кас ба ҳангоми ӯй,
Куҷо сар наёвард дар доми ӯй.
Ҳар он ҷо, ки вайрон буд, обод кард,
Дили ғамгинон аз ғам озод кард.
1 2 3 4 5 6 >>> |