|
Ҷилди III: ШАБЕХУН КАРДАНИ ПИРОН БАР
ЭРОНИЁН
Фаровон кам омад зи эрониён,
Баромад хурӯше бадард аз миён.
Ҳама хаставу баста буд, он ки зист,
Бар он хаставу баста бояд гирист.
На тоҷу на тахту на пардасарой,
На аспу на мардони ҷанг? ба пой,
На ободбуму на парвардгор,
На он хастагонро касе хостор.
Писар бар падар зор гирён шуда,
В-аз он хастагон низ бирён шуда.
Чунин аст оину расми ҷаҳон,
Ки кирдори хеш аз ту дорад ниҳон.
Куҷо бо ту дар парда боз? кунад,
Зи тезиву аз бениёз? кунад.
1 2 3 4 5 6 7 8 >>> |