|
Ҷилди III: БОЗХОНДАНИ КАЙХУСРАВ ТУСРО
Ки «Омад, сазоро сазовор ҷуфт.
Ҳамасола бахти ту пирӯз бод,
Ҳама рӯзгори ту Наврӯз бод!»
Бирафту бибурд он, ки буд нӯзар?,
Саворони ҷанговару лашкар?.
Ба раҳ-бар накард эч гуна диранг,
Ба наздики шоҳ омад аз дашти ҷанг.
Заминро бибӯсид дар пеши шоҳ,
Накард эч Хусрав бад-ӯ-дар нигоҳ.
Ба дашном букшод лаб шаҳрёр,
Бар он анҷуман Тусро кард хор.
В-аз он пас бад-ӯ гуфт, к-«Эй баднишон,
Туро ном гум бод аз саркашон.
Натарс? ҳаме аз ҷаҳондори пок, 1 2 3 4 5 6 7 8 9 >>> |