|
Ҷилди III: КУШТА ШУДАНИ БАҲРОМ БАР ДАСТИ ТАЖОВ
Чу лашкар биёмад бари паҳлавон,
Бигуфтанд бо ӯ зи кори ҷавон.
Фаровон сухан рафт аз он размсоз,
Зи пайкори ӯ ошкорову роз.
Бипурсид Пирон, ки «Ин мард кист?
В-аз ин номдорон варо ном чист?»
Яке гуфт: «Баҳроми шеравжан аст,
Ки лашкар саросар бад-ӯ равшан аст».
Ба Рӯин чунин гуфт Пирон, ки «Хез,
Ки Баҳромро нест ҷои гурез.
Магар зинда ӯро ба чанг овар?,
Замона баросояд аз довар?.
Зи лашкар касоне, ки бояд, бубар,
Ки ӯ номдор асту пархошхар».
1 2 3 4 5 6 7 8 >>> |