|
Ҷилди VI: БА ЗАНӢ ХОСТАНИ ФАРИБУРЗ ФАРАНГИС –
МОДАРИ КАЙХУСРАВРО
Фарибурз гуфт: «Эй яли тоҷбахш,
Худованди кӯполу хафтону Рахш.
Яке орзу дорам андар ниҳон,
Наёрам ба кас гуфтан андар ҷаҳон,
Магар бо ту, эй паҳлавони замин
Сазовори меҳру кулоҳу нигин,
Ки ҳастӣ ту пушту паноҳи сипоҳ,
Зи ту барфарозанд гурдон кулоҳ.
Бидон, эй сарафрози Эронзамин,
Ки бодо зи Яздон туро офарин.
Сиёвахши радро бародар манам,
Зи як тухму бунёду як гавҳарам.
Зане к-аз Сиёвуш бимондаст боз,
Маро зебад, эй гурди гарданфароз.
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 >>> |