|
Ҷилди VI: ДИДАНИ ТУС СИЁВУШРО БА ХОБ
Ҳама дашт чун ҷӯи хун ёфтам,
Сари номдорон нагун ёфтам.
Яке кӯҳ доранд хорову хушк,
Ҳаме хор бӯянд аспон чу мушк.
Бимон, то бар он санг бирён шаванд,
Чу бечора гарданд, беҷон шаванд.
Кушода набояд, ки доред роҳ
Дурӯя пасу пушти он размгоҳ.
Чу беҷангатон душман ояд ба чанг,
Ба зудӣ чӣ бояд-т кардан диранг.
Чаро ҷуст бояд ҳаме корзор,
Талоя бар ин дашт бас даҳ савор.
Бибошем, то душман аз обу нон
Шавад тангу зинҳор хоҳад ба ҷон.
1 2 3 4 5 6 >>> |