|
Ҷилди VI: РОЙ ЗАДАНИ ЭРОНИЁН ДАР КОРИ ХУД
Агар шаб шавад рӯи рӯзи сапед.
Ба як рӯз, к-аз мо наҷустанд ҷанг,
Макун дил зи андеша бар хира танг.
Набастанд бар мо дари осмон,
Машав бадгумон аз бади бадгумон.
В-агар бахшиши кирдгори баланд
Чунон аст, к-ояд ба мо-бар газанд,
Бипарҳез аз андешаи нобакор,
Зи мо барнагардад бади рӯзгор.
Яке канда созем пеши сипоҳ,
Чунон чун бувад расму оину роҳ.
Ҳама теғҳо ҷангро баркашем,
Ба ҷанг андароему душман кушем.
Бубинем, то чист оғозашон, 1 2 3 >>> |