|
Ҷилди VI: ЛАШКАР ОРОСТАНИ ТУРОНИЁН ВА
ЭРОНИЁН
Ки яксар ба хун даст боист шуст.
Бирафтанд яксар ба ороми хеш,
Ба хайма бибуданд бо коми хеш.
Чу борику хаммида шуд пушти моҳ,
Зи торик зулфи шабони сиёҳ.
Ба наздики хуршед чун шуд дуруст,
Баромад пур аз обу рухро бишуст,
Сипоҳи ду лашкар баромад ба ҷӯш,
Ба чархи баланд андаромад хурӯш.
Чунин гуфт хоқон, ки «Имрӯз ҷанг
Набояд, ки бошад чу дӣ бо диранг.
Гумон бурд бояд, ки Пирон набуд,
Ки бе ӯ нашояд набард озмуд.
1 2 3 4 5 >>> |