|
Ҷилди VI: БАЗМ СОХТАНИ РУСТАМ АЗ БАҲРИ ГЕВ
Чу Рустам чунин гуфт, барҷаст Гев,
Бибӯсид дасту сару пои нев.
Бар ӯ офарин кард, к-«Эй номвар,
Ба нерӯву мардиву бахту ҳунар
Бимонод бар ту чунин ҷовидон
Дилу зӯри пилу ҳуши мӯбадон!
Зи ҳар некуӣ баҳравар будиё,
Чунон к-аз дилам занг биздудиё».
Чу Рустам дили Гев падром дид,
В-аз он худ ба некӣ саранҷом дид.
Ба солори хон гуфт: «Пеш ор хон,
Бузургону фарзонагонро бихон».
Завора, Фаромарз, Дастону Гев
Нишастанд бар хони солори нев. 1 2 3 4 >>> |