|
Ҷилди VI: ОМАДАНИ РУСТАМ НАЗДИ ХУСРАВ
Инон бо инони ман андарбубаст,
Чунон чун бувад марди хусравпараст.
Бирондам ман аз пеш, то назди шоҳ
Бигӯям, ки омад Таҳамтан зи роҳ».
Ба Гев он гаҳе гуфт: «Рустам куҷост,
Ки пушти бузургону тухми вафост?
Гиромиш кардан сазовор ҳаст,
Ки некинамой асту хусравпараст».
Чунин гуфт Гев он гаҳе шоҳро,
Сазовор дорандаи гоҳро,
Ки «Ман омадам аз ду манзил ба пеш,
Ба огоҳ кардан сӯи шоҳи хеш».
Бифармуд Хусрав ба фарзонагон, 1 2 3 4 5 6 7 8 >>> |