|
Ҷилди VI: РАФТАНИ РУСТАМ БА ШАҲРИ ХУТАН
БА НАЗДИ ПИРОН
Ки бо ман зи ҳар гуна гавҳар бувад,
Набояд, к-аз он гавҳаре кам шавад.
Ба пирӯз бахти ту,эй паҳлавон,
Ба берун бибошем равшанравон».
Бад-ӯ гуфт: «Рав, б-орзу гир ҷой,
Кунам посбонон ба пешат ба пой».
Яке хона бугзид, барсохт кор,
Ба кулба - дарун рахт бинҳоду бор.
Хабар шуд, к-аз Эрон яке корвон
Биёмад бари номвар паҳлавон.
Зи ҳар сӯ харидор бинҳод гӯш,
Чу огоҳӣ омад зи гавҳарфурӯш.
Харидори дебову фаршу гуҳар
Ба даргоҳи Пирон ниҳоданд сар. 1 2 3 4 5 6 7 8 >>> |