|
Ҷилди VI: БАРОВАРДАНИ РУСТАМ БЕЖАНРО АЗ ЧОҲ
Бикандем дил з-ин сарои сипанҷ
Зи бас дарду сахтиву андӯҳу ранҷ».
Бад-ӯ гуфт Рустам, ки «Бар ҷони ту
Бубахшуд бахшанда Яздони ту.
Кунун, эй хирадманди фархундахӯй,
Маро монда аз ту яке орзӯй,
Ба ман бахш Гургини Милодро,
Зи дил дур кун кину бедодро».
Бад-ӯ гуфт Бежан, ки «Эй ёри ман,
Чӣ донӣ, ки чун буд пайкори ман?
Надонӣ, ту, эй меҳтари шермард,
Ки Гургини Милод бо ман чӣ кард?
Гар ояд бар ӯ-бар ҷаҳонбини ман,
Бад-ӯ растахез ояд аз кини ман». 1 2 3 4 5 6 7 8 >>> |