|
Ҷилди V: Посух додани Кайхусрав Золро
Кунун боргоҳи ман омад ба сар,
Ѓами лашкару тоҷу тахту камар».
Ѓамӣ шуд дили паҳлавонон зи шоҳ,
Ҳама хира гаштанду гумкардароҳ.
Чу бишнид Зол ин сухан, бардамид,
Яке боди сард аз ҷигар баркашид.
Ба эрониён гуфт, к-ин рой нест,
Хирадро ба мағз-андараш ҷой нест,
Ки то ман бубастам камар бар миён,
Парастандаам пеши тахти каён,
Зи шоҳон надидам, ки ин кас бигуфт,
Чун* ӯ гуфт, моро набояд нуҳуфт,
Набояд будан эч хамдостон,
Чу ӯ пеш ронад чунин достон.
1 2 3 4 >>> |