|
Ҷилди V: ПАЁМ БУРДАНИ ГЕВ АЗ ГУДАРЗ
НАЗДИ ПИРОН
Бад-он то шавам эмин аз кори ту,
Барорад дарахти вафо бори ту.
Бубин, он гаҳе баргузин з-ин ду роҳ*
Яке роҳ ёбӣ ба наздики шоҳ.
Худу дудмон назди Хусрав шавӣ,
Бад-он сояи меҳри ӯ биғнавӣ.
Бибуррӣ дил аз меҳри Афросиёб,
Набинӣ шаби тира ӯро ба хоб.
Кунам бо ту паймон, ки Хусрав туро
Ба хуршеди тобон барорад саро.
Зи меҳри дили ӯ то огаҳтарӣ,
К-аз ӯ ту набинӣ ба ҷуз сарварӣ.
В-ар аз шоҳи Турон битарсӣ ҳаме,*
Нахоҳӣ, ки оӣ ба Эронзамӣ,* 1 2 3 4 5 6 7 8 9 >>> |