|
Ҷилди V: Кушта шудани Лаҳҳок ва Фаршедвард
ба дасти Густаҳам
Ҳало, зуд биштоб, к-омад сипоҳ
Аз Эрону бар мо гирифтанд роҳ.
Нишастанд бар асп ҳарду савор,
Кашиданд пӯён аз он марғзор.
Ба ҳомун ниҳоданд ҳарду савор
Ду дида, ки то чун басечанд кор.
Падид омад аз дур пас Густаҳам,
Надиданд бо ӯ саворе ба ҳам.
Далерон чу сарҳо барафрохтанд,
Мар ӯро бидиданду бишнохтанд.
Гирифтанд бо якдигар гуфтугӯй,
Ки як тан сӯи мо ниҳодаст рӯй.
Ҷуз аз Густаҳам нест, к-омад ба ҷанг,
Дурафши далерон гирифта ба чанг.
1 2 3 4 5 6 >>> |