|
Ҷилди V: ОЃОЗИ ДОСТОН
Лашкар оростани Кайхусрав
бо Афросиёб
Дигар лашкаре, к-аз Хуросон буданд,
Ҷаҳонҷӯю мардумшиносон буданд,
Манучеҳри Ораш сипаҳдорашон,
Гаҳи номҷустан нигаҳдорашон.
Дигар номдоре Гурухоннажод
Ҷаҳондор в-аз тухмаи Кайқубод,
Куҷо номи ӯ Шоҳфирӯз буд,
Сипаҳбаддилу лашкарафрӯз буд.
Шаҳи Ѓарчагон буд бар сони шер,
Куҷо пушти пил* оваридӣ ба зер.
Бузургон, ки аз кӯҳи Қоф омаданд,
Або найзаву гурзу* лоф омаданд.
Сипоҳе зи тухми Фаридуну Ҷам,
Пур аз кин дил аз тухмаи Зодшам. 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 >>> |