|
Ҷилди V: Расидани Афросиёб ба Гангдиж
Чу гаштанд пурмоягон анҷуман,
Зи лашкар ҳар он кас ки буд ройзан,
Забон баркушоданд бар шаҳрёр,
Ки бечора гаштанд аз он корзор,
Ки аз лашкари мо бузургон ки буд,
Гузаштанду з-эшон дили мо шахуд.
Ҳамоно, ки аз сад намондаст бист,
Бар он рафтагон-бар бибояд гирист.
Кунун мо дил аз ганҷу фарзанди хеш
Гусистему чанде зи пайванди хеш.
Бар он рӯди Ҷайҳун яке размгоҳ
Бикардем з-он сон, ки фармуд шоҳ.
Зи бедонишӣ ончӣ омад ба рӯй,
Ту донӣ, ки шоҳиву мо чораҷӯй. 1 2 3 4 >>> |