|
Ҷилди V: Номаи Афросиёб ба Кайхусрав
Намонам, ки як тан бупечад зи дард,
В-агар бинад аз тирахоки * набард».
Зи гӯянда бишнид Хусрав паём,
Чунин гуфт бо пури Дастони Сом,
Ки «Ин турки бадсози мардумфиреб
Набинад ҳаме аз фарозу нишеб.
Зи овард чандин бигӯяд ҳаме,
Магар дахмаи Шеда ҷӯяд ҳаме.
Набера Фаридуну пури Пашанг,
Зи овард бо ӯ маро нест нанг».
Бад-ӯ гуфт Рустам, ки «Эй шаҳрёр,
Ба дил дармадор оташи корзор,
Ки нанг аст бар шоҳ рафтан ба ҷанг,
Агар ҳамнабарди ту бошад паланг.
1 2 3 4 >>> |