|
Ҷилди V: Баргаштани Афросиёб аз
оби Зиреҳ
Фаровон шумо ранҷ бардоштед,
Бару буми обод бугзоштед.
Ҳам ин ранҷ бар хештан барниҳем,
Аз он беҳ, ки гетӣ ба душман диҳем.
Бимонад зи мо ном то растахез
Ба пирӯзиву душман андар гурез.
Шуданд андар он паҳлавонон дижам,
Лабон* пур зи бод, абрувон пур зи хам,
Ки дарёи бомавҷу чандин сипоҳ,
Сару кор бо бод шаш моҳ роҳ.
Кӣ донад, ки берун кӣ ояд зи об,
Бад омад сипаҳро зи Афросиёб.
Чу хушкӣ бувад, мо ба ҷанг-андарем,
Ба дарё ба коми наҳанг-андарем». 1 2 3 4 5 6 >>> |