Ба ҳиҷоб-андарун шавад хуршед,
Гар ту бардорӣ аз ду лола ҳиҷеб.
Нобисуда ду даст рангин кард,
Ночашида ба торак-андар тохт. Охири ҳар кас аз ду берун нест,
Ё барозурданист ё заданист, Пешам омад бомдод он дилбар аз роҳи кадӯх(?),
Бо ду рух аз шарм лаълу бо ду чашм аз сеҳр шӯх.
Фахри раҳӣ бад-он ду сияҳчашмакони туст,
К-омад падид зери ниқоб аз бари ду хад.
Ганҷи заре буд дар ин хокдон,
К-ӯ ду ҷаҳонро ба ҷаве мешумурд.
В-он даҳани танги ту, гӯйӣ касе,
Донагаке нор ба ду ним кард! Дарё ду чашму оташ бар дил ҳамефизояд,
Мардум миёни дарё в-оташ чӣ гуна пояд?! Касеро, ки бошад ба дил меҳри Ҳайдар,
Шавад сурхрӯ дар ду гетӣ баовар…
Оҷиз шавад зи ашки ду чашму ғиреви ман
Абри баҳоргоҳию бахнӯҳ дар матир! Саҳифаи 1/4 |