Аё савсан, баногӯше, ки дорӣ,
Ба рашки хештан ҳар савсанеро!Бо ошиқон нишину ҳаме ошиқӣ гузин,
Бо ҳар кӣ нест ошиқ, кам кун қариниё.
З-он ақиқин мае, ки ҳар кӣ бидид,
Аз ақиқи гудохта нашнохт. Имрӯз, ба ҳар ҳоле, Бағдод Бухорост,
Куҷо мири Хуросон аст, пирӯзӣ он ҷост. Охири ҳар кас аз ду берун нест,
Ё барозурданист ё заданист,
Боду абр аст ин ҷаҳони фусӯс,
Бода пеш ор, ҳар чӣ бодо, бод!
Ҳар он ки эзад - ш ин ҳар чаҳор рӯзӣ кард,
Сазад, ки шод зияд ҷовидону ғам нахурад. Аз дӯст ба ҳар чиз чиро бояд - т озард,
К-ин айш чунин бошад — гаҳ шодию гаҳ дард.
Хонаи худ бозравад ҳар яке,
Атлас кай бошад ҳамтои бурд?! Ҷуз он ки мастии ишқ аст, ҳеҷ мастӣ нест.
Ҳамин бало-т бас аст, эй ба ҳар бало хурсанд! Саҳифаи 1/6 |