Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.
Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,
Киштие соз то бад-он гузарӣ.
Рӯдакӣ
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
1941 - 2000


Чорсӯи зиндагӣ

РАҲРАВИ ЗИНДАГӢ

Раҳрави роҳи басе дуру дароз,
Раҳрави роҳи пур аз шебу фароз,

Меравӣ ҷониби фардо нигарон,
Хосиятхоҳ зи умри гузарон.

Роҳи ту – роҳ суи иқбол аст,
Раҳи падруд ва истиқбол аст.

Дар раҳи туст ҳам осебу газанд,
Ҳам гулистони саодат, ҳам банд.

Моҳигириву бидон, пайвастат
Нафитад моҳии зар дар шастат.

Бахт чун оби равон пайдо нест,
Дар ҳама ҷои замин тилло нест.

Зиндагонист на яксону дар он
Шиша гоҳест ба ҷои сандон.

Зиндагонист – ба кас то ба абад
Силаву селӣ зи як даст расад.

Зиндагонист – диҳад чун фармон
Кори анбур кунӣ бо дандон.

Дорӣ зар, лек наӣ худ заргар,
Заргарӣ, лек надорӣ худ зар.

Моли дунёст ба ту ориятӣ
Диҳаду боз бихоҳад, ки бите!

Дар фузунаш ғаму озоре ҳаст,
Дар камаш лаззати бисёре ҳаст.

Шунавӣ гоҳ гапи кину ҳасад,
Ин яке нек бигӯяд в-он бад,

Ғам махур аз ҳасади раҳгузарон,
Аз нигаҳҳои пур аз кини бадон.

Ки чунин санг миёни обанд,
Ба назар з-оби фузун шодобанд.

Лек з-он об на худ сабз шаванд,
На зи худ буттаи гул рӯёнанд...

Раҳрави роҳи басе дуру дароз,
Раҳрави роҳи пур аз шебу фароз,

Пешпо хурдаву бархоста боз,
Сӯи ҳар хира наёварда ниёз,

Меравӣ ҷониби фардо нигарон,
Ҳусн афзуда ба ҳусни даврон.

Дорӣ дар даст силоҳи уммед,
Пас бирав, бод туро роҳ сафед!

ноябри 1963 – Душанбе

 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj