|
Чорсӯи зиндагӣ
МУКОФОТ Халқ гӯяд, ки ҷайра як вақте
Дукфурӯши сафедкоре буд.
Лек чун зад ба чашми мардум хок,
Гашт расвою радди мардум шуд.
Оҳи халқу дуои халқ аз ӯ
Ҳаққи худро аҷаб ситонидаст.
Ҳар дукашро намуда аз ханҷар,
Ба тани нозукаш халонидаст.
Халқ гӯяд, ки сангпушт аввал
Баҳри мардум тарозубаркаш буд.
Лек чун зад ба чашми мардум хок,
Он тарозу ба пушт бораш шуд.
Аз ҳамон рӯз то ба ҳоло ӯ
Он тарозу ба пушти худ орад,
Оҳи халқу дуои халқ ӯро
Дар чунин маҳбасе нигаҳ дорад.
Бум гарчи дар аввал одам буд,
Хост хуршед моли ӯ бошад,
Чашмаи нур хонааш бошад,
То ҳама даҳр тоаташ орад.
Пеши хуршед хира шуд чашмаш,
Сӯи вай чун ба ҳирс роҳӣ шуд.
Кӯр омад, барои ӯ з-он пас
Рӯзи равшан шаби сиёҳе шуд...
Оре, оре, сазо чунин бошад
Бар бади носипоси ноқодир.
Баъди як лаҳза роҳату айшаш
Рӯсиёҳи абад шавад охир. 1964
|