|
Чорсӯи зиндагӣ
* * * Ин ҷаҳони чорунсур аз азал
Бо тарокумҳои бебоконааш
Чошнигирӣ биёмӯхтам басо
Аз ҳақиқатҳои ҷовидонааш.
Дар канори баҳри нопайдоканор
Оби шӯраш хурда, гаштам ташнатар.
Пар кушодам ҳар қадар сӯи уфуқ,
Он қадар дидам, надорам болу пар.
Солҳо киштам, дурудам солҳо,
Боз ҳам ин кишт новарзида монд.
Сад ҳазорон бӯсааш кардам, вале
Боз ҳам ин ёр нобӯсида монд.
Ҳар қадар дидам ҷамоли зиндагӣ,
Он қадар дидам, ки аъмоям ҳанӯз.
Ҳар қадар бо дилбарон ошиқ шудам,
Он қадар дидам, ки танҳоям ҳанӯз.
Гӯиё ман дар лаби як обгир
Акси худро дидаму роҳӣ шудам.
Гӯиё чун гумраҳе аз гумраҳе
Самти раҳ пурсидаму роҳӣ шудам.
То бидонистам, ки дунёи ғариб
Бо шукӯҳи рафтаву бозомада
Чун китоби Рӯдакии шоир аст –
Пур зи доғи шеърҳои гумшуда. [1979]
|