Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Она косы смоляные расплела, пугая ночь,
Лик снял ее при этом и бежала в страхе ночь.
Ибн Сино
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Корпус Мавлоно
Джалолиддина Руми


Биография;

Ошноиву ҳамсӯҳбатӣ бо чунин марди соҳибиродаву муҳкамақида, ки расмиёти маъмулии дину мазҳабро намеписандиду рӯшод ҷазабаи ишқу алоқаро ҷавҳари зиндагиву бунёди ҳастӣ мешуморид, дар воқеъ, омили табаддулоти куллӣ дар аъмолу афкор ва инқилоби ҷиддӣ дар ботину зоҳири Мавлоно мегардад, ӯро ба ҷунбишу гардишу ташвиш меандозад:

Чун висоли дилбараш маълум гашт,
Фонии мутлақ шуду маъдум гашт.
Соликон донанд: дар дарёи дард
То фанои ишқ бо мардон чӣ кард!

Аз гуфтаи Мавлоношиноси эронӣ Атоуллоҳи Тадайюн, «бо тавсияву роҳнамойии Шамси Табрезӣ, Мавлавӣ мебоист бо хиради нозою фартут, ҳамчунин, шеваву равиши «истидлолиёни пойчӯбин» (таъбири Мавлоно – А.Р.) падруд гӯяд, аз чанбари фазлу тартибу одоби қурун (гузаштазамон, куҳангардида – А.Р.) раҳойӣ ёбад, агар хешро ҳамгоми вай (Шамси Табрезӣ – А.Р.) мебинад! То ба сӯйи мукошафаи порсоён роҳ ёбаду бидонад: роҳ на он аст, ки Султонулуламои падараш ба ӯ (Мавлоно – А.Р.) нишон додаву на тариқест, ки «Сайиди Сирдон» (лақаби Бурҳониддини Тирмизӣ – А.Р.) ба вай талқин кардааст; сипас гӯш ба сурӯшу мунодии дунёи дарун (ҷаҳони ботин – А.Р.) диҳаду ҳар чӣ «ҷони ҷонон» (Шамси Табрезӣ – А.Р.) мегӯяд, он роҳро интихоб намояд, ки тариқи фалоҳу салоҳу наҷот аст».

Ҷӯяндаи пӯёву пӯяндаи ҷӯё, ки дер боз мекӯшид парда аз рухсори асрори коинот бардошта, рози хилқату бақову фанои ҳастиро дарёбад ва аз хатти тақдире, ки котибони қазо барои халоиқ навиштаанд, фарогиртар огоҳ гардад, хешро комилан таслиму тасхири Шамси Табрезӣ – омӯзгори маънавӣ ва раҳбари мазҳабӣ мегардонад, ки худро «хатти савум» муаррифӣ карда буд.

Мавлоно, ки рози абадияти коинотро дар ҷазбу кашиши зарроти табиат, ки «дар дили ҳар Хуршеде ниҳон аст», мушоҳида мекунад, назарияи муаллими соҳибдилашро, ки дидагони ҷаззобаш лабрез аз ламаоти ҳаёт буданд, батамом меписандаду мепазирад; ӯро – муаллиму раҳбару раҳнамояшро – ҳунарофарине меёбад, ки дар фанни балоғат муқтадир асту дар силки фасоҳат беназир ва ҳамсону ҳамсангашро пеш аз ин дар ҷое надидаву нашнидааст!

Аз нигоҳи Мавлоно, Шамси Табрезӣ «авлиёест, ки дар олами инсонийят ба сони ситораи роҳнамойи қутбе зуҳур кардаву ҳамон аст, ки Ҷалолиддин аз дер боз барои дидораш «бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр»:

Шамси дин нуқлу шаробу Шамси дин чангу рубоб,
Шамси дин хамру хумору Шамси дин ҳам нуру нор!

Нигорандагони таърихи илм овардаанд, ки бар фарози дарвозаи бузурги донишгоҳе, ки Арасту бунёдаш ниҳодааст, чунин талабот ҳак шуда буд: «Ҳар касе, ки ҳандасаро намедонад, наметавонад дар ин Академия дохил шавад».

Агар амиқ андешӣ, чунин мутасаввир мешавад, ки бар пештоқи мадрасае, ки Шамсулҳақи Табрезӣ шогирдонашро таълим медод, гӯё, навишта буданд, ки «ҳар кас аз майхонаи ишқу ваҳдат машомашро муаттар насохтааст, наметавонад бад-ин ҷо ворид гардад»:
Ишқ асту ошиқ аст, ки боқист то абад,
Дил бар ҷуз ин манеҳ, ки ба ҷуз мустаор нест!

Ҷалолиддин Муҳаммад аз ҳамин дидгоҳу равзана ба ҳарими тафаккуроти волову пурарзиши пири беназираш назар андохтаву шефтаву ошиқи шайдояш гашта, дар ҳамин замина рисолати инсонияшро муқаррару муайянтар менамуд ва мақсаду матлаби маърифатро на дар фалсафа, балки дар соҳати ишқу раҳ ёфтан ба ҳарими Лоҳут мепиндошт.

Китоби «Мақолот»-и Шамси Табрезӣ маҷмӯаи гуфтору мавоизи ӯст, ки муридонаш фароҳам оварда, дар дастраси умум қарораш додаанд. Ин асари беҳамто яке аз муассиртарину муфидтарин рисолоти ирфонист, ки мададгору илҳомбахши Мавлоно дар эҷоди шаш дафтари «Маснавӣ»-ву таронаҳои «Девони Кабир» буда, барои шинохти ҳар чи бештари симои Шамсуддини «Султонулмаъшуқин», дарёфти беҳтари паҳнои ишқу алоқаи Мавлоно нисбат ба ӯ ва дарунсӯтар ворид омадан ба олами фикру андешаҳои волояш раҳнамойи беминнату шоистае метавонад бошад.

Дар воқеъ, «вақоеънигорону пажӯҳишгароне, ки перомуни дидори Шамсу Мавлоно таҳқиқ кардаанд, аксаран мӯътақиданд, ки «Маснавӣ»-ро таҳти таъсири андешаҳои Шамсу ташвиқи вай поягузорӣ кардаву Ҳусомуддини Чалабӣ низ маъмур буда, ки дар нигориши ашъор бо Мавлоно ҳамкорӣ кунад. Нигоранда низ,—менависад Атоуллоҳи Тадайюн, — мӯътақид аст: ин китоб («Мақолот»-и Шамси Табрезӣ – А.Р.) маҳсули ҷаласоти ваъзи Шамс дар Қуния буда, мазомини орифонаву достонҳои ибратангезаш, ки дар «Мақолот» ағлаби онҳо нақл шудааст, қарнҳост соҳибдилону адабдӯстонро ба худ машғул доштааст, то ҷое, ки аллома Иқболи Лоҳурӣ, суханвари орифу шоири номдори Покистон, аз андешаҳои сӯфиёнаву дониши васеу тадбири ӯ дар осораш мадад гирифтаасту бештари сухансароёни номдори Эрону ҷаҳон бо арҷу иҳтиром аз ӯ ёд кардаву аз хирмани ирфонии вай баҳра гирифтаанд:

Шамси Табрезӣ ба рӯҳам чанг зад,
Лоҷарам дар ишқ гаштам арғунун!

Ва ин «арғунун» («боданбон»-и форсии тоҷикӣ) андар истилоҳи ирфону фаҳмиши орифон фарти тааллуқу муҳаббат, яъне дилбастагиву дӯстдорӣ буда, аз ҷамеи тааллуқоту сувари касарот мунқатеъ гардидан аст, ки дар вазъу ҳолати хафӣ (пӯшида, ниҳонӣ) даст медиҳад.

Ишқу алоқаи шадиди Мавлоно ба Шамси тавоно, чунон ки Султон Валад, писари Мавлоно, дар «Валаднома» ҳикоя мекунад, монанди ҷустуҷӯи Мӯсо (ъ) аз Хизр (ъ) аст, ки бо мақоми нубуввату рисолату рутбаи калимуллоҳӣ боз ҳам мардони Худоро талаб мекарду Мавлоно низ бо ҳама камолу ҷалолат дар талаби акмале (раҳнамое, пире, муршиде, муаллиме) рӯз мегузаронд, то ба дидори Шамс расид:

Хизираш буд Шамси Табрезӣ,
Он ки бо ӯ агар даромезӣ,
Ҳеч касро ба як ҷаве нахарӣ,
Пардаҳои зуломро бидарӣ!
Он ки аз махфиён ниҳон буд ӯ,
Хусрави ҷумла восилон буд ӯ!
Авлиё гар зи халқ пинҳонанд,
Халқ ҷисманду авлиё ҷонанд!
Ҷисм ҷонро куҷо тавонад дид?!
Роҳи ҷонро ба ҷон тавон бибрид!
Шамси Табрезро намедиданд,
Дар талаб гарчи бас бигардиданд…

Бад-ин маънӣ, Мавлоно «баъди мулоқоту сӯҳбати Шамс аз машғулиятҳои илмиву мутолиа даст мекашад, тадрису таълими шогирдонашро дар мадраса фурӯ мегузорад ва тамоми вақташро дар сӯҳбату ҳамдамии Шамс мегузаронад. Ӯ дар симои ин сӯфии қаландармашрабу дарвешсифат таҷассуми ишқи оламгирро медид, ки ба воситаи он ба асрори малакут, ки ба он ақли одамиро роҳи идрок нест, расидан мумкин аст. Дигар аз фақеҳону мутакаллимон дурӣ ҷуста, бештари авқоти худро дар сӯҳбату самоъу рақси сӯфиён ба сар мебурд, ки дар он ҷо ғазалу шеърҳои пурошӯбу ҷозибадор сомеонро ба ваҷду ҳаяҷони рӯҳӣ меовард. «Инак, дигар ба ҷои тоату ибодати Худованд Ҷалолиддини Румиву шогирдону пайравонаш ба оҳанги суруду мусиқӣ бехудона рақс мекарданд ва дар ин ошуфтагиву эҳсосоти рӯҳонӣ, гӯё, ба ҷамоли Ҳақ мерасиданд. Хуллас, аз ин баъд Ҷалолиддини Румӣ худро комилан вақфи тасаввуф ва таблиғи маслаку мароми орифона мекунад» (Расул Ҳодизода).

Мутаассифона, дар асари таҳдиду бадгӯйиҳои муташаддиди мухосимину мутаассибин, баъди шонздаҳ моҳи қариниву ҳамнишинии сӯфиёна ва омӯзишу пажӯҳиши орифона, ногаҳону ноаён Шамси Табрезӣ нопадид мегардад ва ҷӯишу пӯишҳои бардавоми Мавлавӣ самаре намедиҳанд.

Боре, соли 1259 буд, муриди дилсӯзу мададгораш Ҳусомуддини Чалабӣ аз устодаш иқтизо намуд, ки дар партави афкору пайравии ангори Шамси Табрезӣ, дар тафсиру табсири масоили нозуку печидаи ирфону сӯфия, нукоти душворфаҳми дину фалсафаи ислом, тарғибу таншири ғояҳои баланди мавлавия, ташреҳу тавзеҳи сураву ояҳои раббонӣ ва талқину тазйини сифатҳои Инсони Комил асари манзуми хонданиву мондание ба дафтар оварад.

Мавлавии ҷаҳондидаву донишандӯхта, гарму сарди зиндагиро омӯхта, дар пайи Аттору Саноӣ «ҳафт шаҳри ишқро гардида» ва неку бади оламро санҷида бадоҳатан, худи ҳамон сол, эҷоди «Маснавии маънавӣ»-ро сар карда, дар баробари навиштани дигар ашъору таронаҳои дилошӯб, то дами маргаш, дар миёни солҳои 1259 – 1273, яъне аз синни камолоти 52-солагӣ то дами реҳлаташ дар 66-солагӣ, дар давоми 14 соли бартамом, бо каме таваққуфу танаффуси иҷборӣ дар давоми эҷод, ин амалу саргармии бебадалро давом медиҳад, ки дафтари шашумаш нотамом мондааст.

«Маснавии маънавӣ» рисолаи мусалсали манзуми фалсафӣ – ирфонӣ ва мазҳабӣ–ахлоқӣ буда, дар пайравию дастгирии осори пешвоёну афкори донишмандони бузурги сӯфия, аз ҷумла, «Ҳақиқат–ул–ҳадиқа»-и Ҳаким Абулмаҷди Саноӣ (1080 – 1140) ва «Мантиқ–ут–тайр»-и Шайх Аттори Нишопурӣ (1145 – 1221) гуфтаву навишта шудааст.

Баҳраш рамали мусаддаси маҳзуф, мураккаб аз шаш дафтар (яъне: боб)-у камобеш иборат аз 25 700 байт буда, дар нусхаҳои гуногуни қаламиву чопи сангӣ маҳфузу гиромӣ доштаандаш ва барои варасаи миллату Мавлоно ёдгорӣ бигзоштаандаш.

«Маснавӣ», ба хотири осонии кори тарғибу ташвиқи ғояҳои ирфонӣ, фаҳмишу омӯзиши пайравону муридони пири тариқат ва дарку маърифати асрори ҳақиқат, чунон равшану возеҳу фаҳмо ва хотирнишину мутасаввиру гӯё нигошта шудааст, ки ҳар касе метавонад ба қадри тавону имкони худ аз ҳар байту тамсилу ҳикояту ривояти он суду баҳрае бардорад.

Чунон ки донишманди эронӣ Фаридун ибни Аҳмади Сипаҳсолор овардааст, беҳудаву бечизе нест, ки Мавлоно «ба забони муборак мефармуд: «Баъд аз мо «Маснавӣ» шайхӣ кунаду муршиди толибон гардаду соъиқ (раҳнамо – А.Р.)-и эшон бошад»: Бишнавед, эй дӯстон, ин достон, Худ ҳақиқат, нақди ҳоли мост он!

Дар ҳақиқат, аз хилоли шаш дафтари «Маснавӣ» метавон симои Ҷалолиддини Балхиро дар оинаи сафаҳоти он ба хубӣ мушоҳада кард. Аз сӯе, ба қавли бисёре аз пажӯҳандагони рӯзгору осору афкори Мавлоно, «Маснавӣ», дар воқеъ, «ривояти манзуму машрӯҳе аз суханони Пири Табрезисту «шарҳи рамзе аз инъоми ӯ», ки бо таҷрибиёти рӯҳии Мавлоно дарҳам омехтаву аз иттилооти васеу тасарруфоти соҳиронаи зиҳни ваққод (расо, тез, комил, равшан – А.Р.)-и вай моя гирифтааст» (Муҳаммадалии Муваҳҳид).

Ҳамчунин, «ёдовар бояд шуд, ки «Маснавии маънавӣ», ба таври умум, як асари хеле мураккаб буда, вусъати назару баландии андешаи муаллифи он бесобиқа мебошад. Дар фаҳми ин асари пурмуаммо иттилооти ҳамаҷониба аз фарҳанги исломӣ ва ошноии комил бо зарофатҳои хоси форсизабонон корро (дарку фаҳмиши мазмуну маъниҳои борики «Маснавӣ»-ро – А.Р.) осон мегардонад. Ҳамзамон, донистани таъриху фалсафаи Шарқ ва тафаккури исломӣ (махсусан, ирфони тасаввуф - А.Р.) дар кушодани гиреҳҳои мушкилписанду печидаи «Маснавӣ» зарурати азиме доранд, ки набояд (ин талаботро – А.Р.) нодида гирифт» (Алии Муҳаммадии Хуросонӣ, Муҳаммади Борӣ).

Дар оғози муқаддимаи «Дафтари аввал»-и «Маснавӣ» чунин андешаҳо марқуманд, ки воқеитарин муаррифинома ва возеҳтарин муайянкунандаи мақсаду мӯҳтавои онанд: «Ин китоб – «Маснавӣ» - бунёди усули дин дар кашфи асрори вусулу яқин аст; ва дар фиқҳи Аллоҳи акбар асту шаръу бурҳони Аллоҳи азҳар».

Бешубҳа, кулли андешаҳои судманди орифона, нуктаҳои муфиди иҷтимоӣ, ақидаҳои волои инсонпарварӣ, ситоиши муҳаббати поки маънавӣ, тавсифи ишқи сӯзони инсонӣ, танқиди зимомдорони золим, тарбияти ҳамзамонони ҷоҳил, тараннуми сулҳу ваҳдату бародарӣ, таҷассуми меҳру эътиқоду баробарӣ ва дигар эҳсосу армони наҷиби Мавлоно бар ҳамин асосу замина, вале дар либоси дилкашу дилписанди бадеӣ зеби рақам гардидаанд, ки «Маснавӣ»-ро бар дигар ҳамзодонаш мумтоз медоранд.

Мӯҳтавои «Маснавӣ» чунон ғановатманду мулавван ва зербинояш чандон мусаннаду мудаллал аст, ки касро дар ҳайрат наоварда наметавонад: Мавлоно ин қадар мазмуну маънӣ, қиёсу муқобала, ривояту ҳикоят, андарзу ҳикмат, санаду ҳуҷҷат ва ҷуръату маҳоратро аз куҷо пайдо карда бошад?!

Тадқиқоту навиштаҷоти уламои пешину пасин аёну баён медоранд, ки Мавлавӣ дар офариниши «Маснавӣ», бар замми маводи эҷодиёти шифоҳии мардумони гуногуни олам, беш аз 150 мадраку маъхази хаттиро ба кор андохта, дар навбати худ, монанди Фирдавсӣ, мақому мароми созандагиву нигорандагӣ ва «ман»-и шоириву инфиродии хештанро побарҷову муҷалло нигаҳдорӣ карда тавонистааст.

«Маснавӣ»-ро Мавлавӣ, ҳамсони дигар офаридаҳои мансуру манзуми худ, нишаста нанавиштааст, балки шогирдону ёварони ғамхору мададгораш, монанди Ҳусомуддини Чалабӣ ва фарзандаш Султон Валад, дар лаҳазоти ғалаёни рӯҳӣ ва рақсу самоъи дарвешии ӯ ба силки тасвир овардаанд.

Ба ин маънӣ, «Маснавии маънавӣ» саропо мамлуви ҳолату мусиқӣ буда, сужету сохтори ягонае надорад. Онро, банду басти онро, мантиқу мақсади ягона, ғояву армони шоирона ва тарғибу ташвиқи орифона муттаҳиду муртабит медоранд.

Ҳангоми эҷоди мазмуну маъниҳо ва эроди қиссаву ривоятҳо Мавлавӣ дар «Маснавӣ» оёти фурқониро тамсилвор шарҳу тафсир дода, барои тақвияти фикру андешаҳои таҳтониву ниҳонӣ ва армону орои ирфониву рӯҳонии худ аз аҳодиси набавӣ фаровон истифода мебарад ва масъалаҳоро дар қолаби рамзу истиораҳои тасаввуфӣ ҳаллу файсал мебахшад.

Дар аксари маворид, мувофиқи мушоҳада, хатти ифода ва силки ироаи Мавлоно дар «Маснавӣ» чунин оғозу анҷом мепазиранд: аввал қазийя (таълимоту муқаррароти ирфонӣ), баъдан тасдиқи он (ояти қуръонӣ ва ё ҳадиси набавӣ), сипас мисоли тасдиқкунанда (ривояте, қиссае, ҳикояте), ниҳоят хулоса (дар шакли панду ҳикмат ва ё маслиҳату насиҳат) ифодаи бадеӣ меёбанд.

Мавлоно дар «Маснавӣ» ба баъзе нуктаҳои дини расмии ислом, сураву оятҳои Қуръон ва ҳадисҳои набавӣ муроҷиат намуда, онҳоро ба тарзи «дигар», дар доираи фаҳми фалсафӣ ва сӯфиёнаи худ тафсиру тавзеҳ менамояд. Аммо чунин тафсирҳои далерона ва берун аз муҳокимаҳои мурдаранги мадрасавӣ ҳам дар замони Мавлонову ҳам баъди сари вай адовату рақобати сахти уламои мутаассиби замонаро нисбат ба ӯ барангехта буданд, ки дар осору афкораш нақши муассире гузошта, гоҳе ба шикояту гилагузорӣ, дилмондагиву рӯҳафтодагӣ, узлату канораҷӯӣ ва армону орзӯпарварӣ ҳидояташ намудаанд:

Ин нону оби чарх чу сел аст бевафо,
Ман моҳиям, наҳангаму Уммонам орзӯст!

Яъқубвор «воасафо!»-ҳо ҳамезанам,
Дидори хуби Юсуфи Канъонам орзӯст!

Валлаҳ, ки шаҳр бе ту маро ҳабс мешавад,
Оворагии кӯҳу биёбонам орзӯст!

З-ин ҳамраҳони сустаносир дилам гирифт,
Шери Худову Рустами Дастонам орзӯст!

Ҷонам малул гашт зи Фиръавну зулми ӯ,
Он нури рӯйи Мӯсии Имронам орзӯст!

З-ин халқи пуршикояти гирён шудам малул,
Он ҳоюҳуву наъраи мастонам орзӯст!

Гӯётарам зи булбулу аммо зи рашки ом
Мӯҳр аст бар даҳонаму афғонам орзӯст!

Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,
К-аз деву дад малуламу инсонам орзӯст!


Бидуни шакку шубҳа, «Маснавии маънавӣ» қомуси ҷомеи мақолу зарбулмасал, суханҳои ҳикматомез ва пандҳову мавъизаҳои рехтаву пухтаи мутафаккир мебошад. Ӯ дар ин асари худ аз ҳикоятҳои халқии мардуми форсизабону туркилисон, аз тамсилоти халқу қавмҳои ғайримусулмон, ки сокини Осиёи Сағир буданд, хеле фаровон истифода кардааст. Ин ҳикоятҳои халқӣ ва тамсилот бо тасвиру образҳои дилчаспу суханҳои олӣ маъниву сурати тоза гирифтаанд» (Расул Ҳодизода).

Бозгашт  Давомаш

 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj