|
Ҷилди I: ТАҲМУРАС
Каи номвар додашон зинҳор,
Бад-он то ниҳонӣ кунанд ошкор.
Чу озодашон шуд сар аз банди ӯй,
Биҷустанд ночор пайванди ӯй.
Набиштан ба хусрав биёмӯхтанд,
Дилашро ба дониш барафрӯхтанд.
Набиштан яке на, ки наздики сӣ,
Чи румӣ, чи тозиву чи порсӣ,
Чи суғдӣ, чи чиниву чи паҳлавӣ,
Нигоридани он куҷо бишнавӣ.
Ҷаҳондор сӣ сол аз ин бештар
Чӣ гуна падид оваридӣ ҳунар.
Бирафту сар омад бар ӯ рӯзгор,
Ҳама ранҷи ӯ монд аз ӯ ёдгор.
1 2 3 4 5 6 7 >>> |