|
Ҷилди I: ЗАҲҲОК
Зи пӯшидарӯён яке Шаҳрноз,
Дигар моҳрӯе, ба ном Арнавоз.
Ба айвони Заҳҳок бурдандашон,
Бад-он аждаҳофаш супурдандашон.
Бипарвардашон аз раҳи бадхуӣ.
Биёмухташон тунбалу ҷодуӣ.
Надонист худ ҷуз бад омӯхтан,
Ҷуз аз куштану ғорату сӯхтан.
Чунон буд, ки ҳар шаб ду марди ҷавон,
Чи кеҳтар, чи аз тухмаи паҳлавон
Хуришгар бибурдӣ ба айвони шоҳ
В-аз ӯ сохтӣ роҳи дармони шоҳ.
Бикуштиву мағзаш бурун охтӣ,
Мар он аждаҳоро хуриш сохтӣ.
1 2 3 4 5 6 >>> |