|
Ҷилди I: ПОСУХ ДОДАНИ ШОҲИ ЯМАН ҶАНДАЛРО
Фиристодаи шоҳро пеш хонд,
Фаровон суханро ба хубӣ биронд,
Ки «Ман шаҳрёри туро кеҳтарам,
Ба ҳар-ч ӯ бифармуд, фармон барам.
Бигӯяш, ки гарчи ту ҳастӣ баланд,
Се фарзанди ту бар ту ҳаст арҷманд.
Писар худ гиромӣ бувад шоҳро,
Бавижа, ки зебо бувад гоҳро.
Сухан ҳарчӣ гуфтӣ, пазирам ҳаме,
Зи фарзанд андоза гирам ҳаме.
Агар подшо дида хоҳад зи ман,
В-агар дашти гурдону тахти Яман,
Маро хортар з-он ки фарзанди хеш
Набинам ба ҳангоми боист пеш.
1 2 3 4 5 6 7 >>> |