|
Ҷилди I: ПОСУХ ДОДАНИ ШОҲИ ЯМАН ҶАНДАЛРО
Азеро, ки парвардаи подшо
Набояд, ки бошад магар порсо.
Сухангӯю равшандилу покдин,
Ба коре ки пеш оядаш, пешбин.
Забон ростиро биёроста,
Хирад хоста, ганҷ нохоста.
Шумо ҳарчӣ гӯям, зи ман бишнавед,
Агар кор бандед, хуррам бувед.
Яке жарфбин аст шоҳи Яман,
Ки чун ӯ набошад ба ҳар анҷуман.
Сухангӯю равшандилу поктан,
Сазои ситудан ба ҳар анҷуман.
Ҳамаш ганҷи бисёру ҳам лашкар аст,
Ҳамаш донишу рою ҳам афсар аст.
1 2 3 4 5 6 7 >>> |