|
Ҷилди I: ПОСУХ ДОДАНИ ШОҲИ ЯМАН ҶАНДАЛРО
Сари анҷуман, Сарви сояфикан.
Зи носуфтагавҳар се духтар-ш буд,
Набудаш писар, духтар афсар-ш буд.
Суруш ар биёбад чу эшон арӯс,
Магар пеши ҳар се диҳад хок бӯс.
Зи баҳри шумо аз падар хостам,
Суханҳои боиста оростам.
Кунунтон бибояд бари ӯ шудан,
Зи ҳар бешу кам рои фаррух задан.
Сароянда бошеду бисёрҳуш,
Ба гуфтори ӯ барниҳода ду гӯш.
Ба чарбӣ суханҳош посух диҳед,
Чу пурсад сухан, рои фаррух ниҳед.
Азеро, ки парвардаи подшо 1 2 3 4 5 6 7 >>> |