|
Ҷилди I: ТОХТ КАРДАНИ КОКУЙ - НАБЕРАИ ЗАҲҲОК
Зи ҳарду ғиреве баромад, ки кӯҳ
Бидарриду гаштанд тарсон гурӯҳ.
Ту гуфтӣ ду пиланд, ҳар ду жиён,
Кушода ба кин дасту баста миён.
Яке найза зад бар камарбанди шоҳ,
Ки ҷунбид бар сарш-ш румикулоҳ.
Зиреҳ то камарбанди ӯ бардарид,
Зи оҳан камаргоҳаш омад падид.
Яке теғ зад шоҳ бар гарданаш,
Ҳама чок шуд ҷавшан андар танаш.
Ду ҷангӣ бар ин гуна то нимрӯз,
Ки гашт аз бараш хури гетифурӯз,
Ҳаме чун палангон баровехтанд,
Ҳама хок бо хун баромехтанд.
1 2 3 4 5 >>> |