|
Ҷилди I: ТОХТ КАРДАНИ КОКУЙ - НАБЕРАИ ЗАҲҲОК
Зи гарди саворону овои кӯс
Ҳаво қиргун шуд, замин обнӯс.
Ту гуфтӣ, ки алмос ҷон дораде,
Ҳамон гурзу найза забон дораде.
Деҳодеҳ хурӯш омаду доругир,
Ҳаво парри каргас шуд аз парри тир.
Фусурда зи хун панҷа бар дасти теғ,
Чакон қатраи хун зи торикмеғ.
Ту гуфтӣ, замин мавҷ хоҳад задан,
В-аз ӯ мавҷ бар авҷ хоҳад шудан.
Сипаҳдор Кокуй барзад ғирев,
Ба майдон даромад ба кирдори дев.
Манучеҳр омад зи лашкар бурун,
Яке теғи ҳиндӣ ба чанг - андарун.
1 2 3 4 5 >>> |