|
Ҷилди I: БОЗГАШТАНИ КАНИЗАКОН БА НАЗДИ РӮДОБА
Бирафтанд хубону баргашт Зол
Шабе дерёзон ба болои сол.
Расиданд хубон ба даргоҳи кох,
Ба даст - андарун ҳар як аз гул ду шох.
Нигаҳ кард дарбон, баророст ҷанг,
Забон кард густоху дил кард танг,
Ки «Бегаҳ зи даргоҳ берун шавед,
Шигифт оядам, то шумо чун шавед.»
Бутон посухашро биёростанд,
Ба дилтангӣ аз ҷой бархостанд,
Ки «Имрӯз рӯзи дигаргуна нест,
Ба боғи гулон деви вожуна нест.
Баҳор омад, аз гулситон гул чинем,
Зи рӯи замин шохи сунбул чинем. »
1 2 3 4 5 6 >>> |