|
Ҷилди I: БОЗГАШТАНИ КАНИЗАКОН БА НАЗДИ РӮДОБА
Ба мужда шабонгаҳ сӯи ӯ шавед,
Бигӯеду гуфтори ӯ бишнавед,
Ки қомат баромад, биёрой кор,
Биё, то бубинӣ маҳи пурнигор
Парастанда бо бонуи моҳрӯй
Чунин гуфт, к-«Акнун раҳи чора ҷӯй,
Ки Яздон ҳар он ч-ат ҳаво буд, дод,
Саранҷоми ин кор фархунда бод!»
Ҳаме кор созид Рӯдоба зуд
Ниҳонӣ зи хешони ӯ, ҳар кӣ буд.
Яке хона будаш чу хуррам баҳор,
Зи чеҳри бузургон бар ӯ-бар нигор.
Ба дебои чинӣ биёростанд,
Табақҳои заррин биперостанд.
1 2 3 4 5 6 >>> |