|
Ҷилди I: ОГОҲ ШУДАНИ МАНУЧЕҲР АЗ КОРИ
ЗОЛ ВА РӮДОБА
Гар аз духти Меҳробу аз пури Сом
Барояд яке теғи тез аз ниём,
Ба як сӯ на аз гавҳари мо бувад,
Чу тарёк бо заҳр ҳамто бувад.
Ва гар тоб гирад сӯи модараш,
Зи гуфти бад оганда гардад сараш.
Кунад шаҳри Эрон пурошӯбу ранҷ,
Бад-ӯ бозгардад магар тоҷу ганҷ.
Кунун ин суханро чӣ посух диҳед,
Бикӯшед, то рои фаррух ниҳед».
Ҳама мӯбадон офарин хонданд,
Варо хусрави покдин хонданд.
Бигуфтанд, к-«Аз мо ту донотарӣ,
Ба боистаниҳо тавонотарӣ.
1 2 3 4 5 >>> |