|
Ҷилди I: ОМАДАНИ СОМ БА НАЗДИ МАНУЧЕҲР
Чу пили дамон бо каманди дароз.
Маро хост, к-орад ба ҳамми каманд,
Чу дидам, хамидам зи роҳи газанд.
Камони каёнӣ гирифтам ба чанг
Ба пайкони пӯлоду тири хаданг.
Уқоби таковар* барангехтам,
Чу оташ бар ӯ тир мерехтам.
Гумонам чунон шуд, ки сандонсараш
Бишуд дӯхта танг бо миғфараш.
Нигаҳ кардам аз гард, чун пили маст
Баромад, яке теғи ҳиндӣ ба даст.
Чунон омадам, шаҳрёро, гумон,
К-аз ӯ кӯҳ зинҳор хоҳад ба ҷон.
Вай андар шитобу ман андар диранг, 1 2 3 4 5 6 7 8 9 >>> |