|
Ҷилди I: ГУФТОР АНДАР ЗОДАНИ РУСТАМ
Сараш абр сояд, замин доманаш».
В-аз он пас фиристодаро пеш хост, ,
Дирам рехт, то бо сараш гашт рост.
Ба шодӣ баромад зи даргоҳ кӯс,
Биёрост майдон чу чашми хурӯс.
Дар он шаҳри Сагсору Мозандарон
Бифармуд озин карон то карон.
Май оварду ромишгаронро бихонд,
Ба хоҳандагон-бар дирам барфишонд.
Чу як ҳафта бугзашт з-он гуна кор,
Нависанда биншонд он номдор.
Пас он номаи Зол посух набишт,
Биёрост чун марғзори биҳишт.
Нахуст офарин кард бар кирдгор, 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 >>> |