Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Бе азми дурусту саъйи комил,
Касро нашавад мурод ҳосил.
Ахлоқи Мӯҳсини
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Пайкараи Фирдавси


Ҷилди I: ГУФТОР АНДАР ЗОДАНИ РУСТАМ

Шабистон ҳама бандагон канда мӯй,
Бараҳна сару мӯю тар карда рӯй.

Ба дил он гаҳе Зол андеша кард,
В-аз андеша осонтараш гашт дард.

Ҳамон парри Симурғаш омад ба ёд,
Бихандиду Синдухтро мужда дод.

Яке миҷмар оварду оташ фурӯхт,
В-аз он парри Симурғ лахте бисӯхт.

Ҳам андар замон тирагун шуд ҳаво,
Ба зер омад он мурғи фармонраво.
Чу абре, ки борон-ш марҷон бувад,
Чӣ марҷон, ки оромиши ҷон бувад.

Бад ӯ кард Зол офарини дароз,
Ситудаш фаровону бурдаш намоз.

1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   11   12   13   14   >>>
Шоҳнома
Ҷустуҷӯ
Луғат










 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj