|
Ҷилди II: ХОНИ ШАШУМ
ҶАНГИ РУСТАМ ВА АРЖАНГДЕВ
Чаконӣ се қатра ба чашм-андарун,
Шавад тирагӣ пок бо хун бурун.
Гави пилтан ҷангро соз кард,
В-аз он ҷойгаҳ рафтан оғоз кард.
Ба эрониён гуфт: «Бедор бед,
Ки ман кардам оҳанги Деви Сапед,
Ки ӯ пили ҷангиву чорагар аст,
Фаровон ба гирд-андараш лашкар аст.
Гар эдун, ки пушти ман орад ба хам,
Шумо дер монед хору дижам.
В-агар ёр бошад худованди ҳур,
Диҳад мар маро ахтари нек зӯр,
Ҳама буму бар бозёбему тахт,
Ба бор ояд он хусравонӣ дарахт.
1 2 3 4 5 6 7 >>> |