|
Ҷилди II: КОРИ КАЙКОВУС БА ШАҲРИ
БАРБАРИСТОН ВА ДИГАР ДОСТОНҲО
РАЗМ КАРДАНИ КОВУС БО ШОҲИ ҲОМОВАРОН
Ба шаҳр- андарун ҳар кӣ буд, солх(в)ард,
Чу баргашта диданд боди набард,
Ҳама пеши Ковусшоҳ омаданд,
Ҷигархаставу узрхоҳ омаданд,
Ки мо шоҳро чокару бандаем,
Ҳамон божро гардан афкандаем.
Ба ҷои дирам зарру гавҳар диҳем,
Сипосе зи ганҷур бар сар ниҳем.
Бубахшуд Ковусу бинвохт-шон,
Яке роҳу оини нав сохт-шон.
В-аз он ҷойгаҳ бонги санҷу дарой,
Хурӯш омаду нолаи каррной.
Чу омад-ш аз шаҳри Барбар гузар,
Сӯи кӯҳи Қоф омаду Бохтар.
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 >>> |