|
Ҷилди II: БА ЗАНӢ ХОСТАНИ КОВУС СУДОБА –
ДУХТАРИ ШОҲИ ҲОМОВАРОНРО
Чу омад ба наздики Ковусшоҳ,
Дилорою он хубчеҳра сипоҳ,
Зи ҳавдаҷ баромад яке моҳи нав
Чу ороста шоҳ бар гоҳи нав.
Зи мушки сияҳ карда бар гул нигор,
Фурӯ ҳишта бар ғолия гӯшвор.
Ду ёқут рахшон, ду наргис дижам,
Сутуни ду абрӯ чу симин қалам.
Нигаҳ кард Ковусу хира бимонд,
Ба Судоба-бар номи Яздон бихонд.
Яке анҷуман сохт бо бихрадон,
Зи бедордил, пирсар мӯбадон.
Сазо дид Судобаро ҷуфти хеш,
Аз ӯ ком бистад ба оину кеш.
В-аз он пас бад-ӯ гуфт: Чун дидамат, 1 2 3 4 5 6 7 8 >>> |