|
Ҷилди II: БА ЗАНӢ ХОСТАНИ КОВУС СУДОБА –
ДУХТАРИ ШОҲИ ҲОМОВАРОНРО
Гузин кард шоҳ аз миёни гурӯҳ
Яке марди бедори донишпижӯҳ.
Гаронмояаш наслу мағзаш гарон,
Бифармуд, то шуд ба Ҳомоварон.
Чунин гуфт, к-ӯро ба ман тоза кун,
Биёрой мағзаш ба ширин сухун.
Бигӯяш, ки пайванди ман дар ҷаҳон
Биҷӯянд корозмуда меҳон,
Ки хуршед равшан зи тоҷи ман аст,
Замин пояи тахти оҷи ман аст.
Ҳар он кас, ки дар сояи ман паноҳ
Наёбад, аз ӯ кам шавад пойгоҳ.
Кунун бо ту пайванд ҷӯям ҳаме,
Рухи оштиро бишӯям ҳаме. 1 2 3 4 5 6 7 8 >>> |